Пешгуфтори дабири илмӣ

Author(s):
Message:
Abstract:
Таљлилу бузургдошти адибону донишмандон ва фарњехтагоне, ки дар пешрафти илму адабу фарњанг ва љомеа хидмати шоиста кардаанд, аз суннатњои њамидаи мардум дар њамаи даврону маконњост. Вале дар даврони Истиќлол доираи таљлили бузургони гузашта вусъат ёфта ва маънову њадафњои тоза пайдо кардааст. Масалан, дар замони шўравї ба орифоне, ки дар пешбурди тамаддун сањм доштаанд, камтар таваљљуњ мешуд. Њарчанд аз ному осори Мавлоно Љалолиддини Балхї, Саної, Аттор ва дигар орифони бузург ёд мекарданд, вале тањќиќу тарѓиби осору афкори онњо камтар сурат мегирифт. Мањз дар даврони Истиќлол мардуми тољик бо ањволу осори Имоми Аъзам, Хоља Ањрори Валї, Мавлоно Яъќуби Чархї ва амсоли онњо низ ошноии бештару амиќтар пайдо карданд. Мир Саййид Алии Њамадонї- шоир, нависанда ва орифи барљастаи асри 14 аз зумраи њамин бузургон аст, ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 2015 љашни 700- солагии ў таљлил мешавад.
Тањќиќи рўзгору осори ин адиб, донишманд ва орифи барљаста дар Тољикистон дар нимаи дувуми асри гузашта оѓоз шуд. Донишманди љавон Моњирхўља Султонзода аввалин муњаќќиќи тољик буд, ки ба баррасии ањволу осори Мир Саййид Алии Њамадонї пардохт ва дар ин мавзўъ рисолаи номзадї омода кард. Китоби ў «Њаќиќат дар бораи Њазрати Амирљон», ки соли 1975 ба табъ расид, бори аввал хонандагони тољикро бо ањволу осори ин адиб ва орифи бузург ошно кард. Бо он ки дар ин солњо сухан рондан дар бораи ирфону тасаввуф чандон гуворо набуд, олими љавон саъй кард, ки шарњи њоли ин адиби донишманд ва андешањои пешкадами иљтимоиву ахлоќии ўро ба ќалам дињад. Ў њамчунин аз аввалин муњаќќиќонест, ки шурӯъ ба баргардон ва тањияи осори Мир Саййид Алии Њамадонї карда ва дар ошно кардани мардум ба асарњои ахлоќии ин орифи бузург сањми арзанда доштааст. Дере нагузашт, ки гурўње аз муњаќќиќон дар пайравӣ аз ӯ ба ањволу осори Мир Саййид Алии Њамадонї таваљљуњ зоњир намуда, ба тартибу тањия ва баррасиву тањќиќи онњо пардохтанд. Дар ин замина бахусус кормандони Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии ба номи Мир Саййид Алии Њамадонї дар шањри Кўлоб, шахсоне мисли Иброњим Љалилзода, Раљаб Асозода, Музаффар Азизов ва амсоли онњо кўшиши бештар ба харљ дода, рисолаву маќолањо ба табъ расонданд. Муњаќќиќи љавон Њотам Асозода тањќиќи амиќ дар бораи ањволу осори адибро њадафи худ ќарор дод ва рисолаи илмӣ дар мавзӯи «Мир Саййид Алии Њамадонї ва хусусиятњои адабиву бадеии осори ў» таълиф намуд, ки дар соли 2006 соњиби дараљаи номзади илмњои филологї гардид. Ҳамчунин ҷустуљўйњои илмии ў дар китоби «Алии Њамадонї ва маќоми ў дар фарњанги Шарќ», ки соли 2006 дар нашриёти «Ирфон» нашр шуд, љамъбаст гардиданд. Њотам Асозода, ки сарварии Муассисаи давлатии «Муљтамаи љумњуриявии осорхонањои Кўлоб» -ро ба уњда дорад, дар радифи корњои зиёди ташкиливу созмондињї ба баррасии масоили гуногуни ањволу осори адибу орифи бузург Мир Саййид Алии Њамадонї машѓул аст.
Дар бораи рўзгор, осору афкори Мир Саййид Алии Њамадонї дар Эрон, Њиндустон, Покистон дар солњои 70-90 асри 20 як силсила тадќиќот анҷом шуд, ки аз љумлаи онњо метавон ба «Саййид Мир Алии Њамадонї» -и Саййида Ашраф Зуфар, «Шоњи Њамадон» -и Сайид Њусайншоњи Њамадонї, «Ањволу осори Мир Саййид Алии Њамадонї» - и Муњаммад Риёз, «Мураввиљи ислом» -и Парвизи Азкої, «Солори Аљам» -и Саййид Абдуррањмони Њамадонї, «Шоњи Њамадон» -и Шамсиддин Ањмад ишора кард.
Ҳамон тавр, ки ишора шуд, омўзиши љиддиву њамаљонибаи ањволу осори Мир Саййид Алии Њамадонї дар Тољикистон дар даврони Истиќлол вусъат пайдо кард. Ба хусус пас аз нашри ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи таљлили 680-солагии зодрўзи Њамадонї таваљљуњи муњаќиќќони соњањои гуногуни илм, аз ҷумла фалсафа, адабиётшиносї, таърих, забоншиносї, ахлоќ, педагогика ба он бештар љалб шуд. Ба муносибати љашни мазкур дар шањрњои Душанбе ва Кўлоб рисолањои људогонаи ин адибу ориф, чун «Рисолаи ќудсия», «Маърифати нафс», «Авроди фатњия», осори манзуми Мир Саййид Алии Њамадонї ба табъ расиданд, ки дар тањияи онњо Моњирхўља Султонзода, Њотам Асозода, А. Кўчаров, И. Саидиброњимов, Р. Асозода, И. Љалилзода, М. Азизов, С. Њасанзода ширкат карданд.
«Осори мунтахаб» -и Мир Саййид Алии Њамадонї дар тањияи М. Султонзода, маљмўаи маќолањои кормандони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тољикистон ва устодони Донишгоњи давлатии Кўлоб тањти унвони «Аз Авесто то Њамадонї», ки соли 1995 ба табъ расиданд, туњфаи хубе ба љашни мазкур буданд. Њамчунин рисолањои донишмандони тољик Ќ. Абдурањимов, А Мањмадов, К. Ќодиров, ки ба масъалањои гуногуни фалсафї, ахлоќї ва сиёсии осори Мир Саййид Алии Њамадонї пардохтаад, сањми назаррасе дар њамадонишиносї доранд.
Дар воќеъ Тољикистон тадриљан ба яке аз марказњои муњимми њамадонишиосї табдил меёбад. Дар муассисањои илмии Академияи илмњои љумњурї, Донишгоњи миллиии Тољикистон, Осорхонаи Мир Саййид Алии Њамадонї дар Кӯлоб, Пажўњишгоњи фарњанг ва итилооти Тољикистон, Донишгоњи омўзгории шањри Кўлоб ва муассисањои дигари илмиву таълимї ва фарњангии љумњурї ба тањияву нашри осор ва тањќиќу баррасии ањволу афкори адибу орифи бузург машѓул ҳастанд.
Дуфаслномаи Ройзании фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон бо унвони «Рўдакї» шумораи вижаеро ба њаёту осори Алии Њамадонї ихтисос дод, ки дар он маќолаҳои устодоне аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистонро фаро гирифта ва аз дастовардњои илмии онњо гувоњї медињад.
Дар барномаи муфассали омодагї ба љашни 700-солагии Мир Саййид Алии Њамадонї нашри осори мунтахаби ин адиб ва орифи бузург низ пешбинї шудааст. Инак, љилди аввали он, ки дар асоси нусхаи тањти № 456 Ганљинаи дастхатњои АИ ЉТ бо зањмати Њ. Асозода ва Ќ. Турдиев омода шудааст, ба дасти хонандагон мерасад. Ин муҷаллад осори манзум ва 10 рисолаи ахлоќиву фалсафии Мир Саййид Алии Њамадониро, ки ба забони форсии тољикї навиштааст, дар бар мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки њангоми тањияи осори аллома маводде, ки профессор М. Султонзода, академик А. Рањмонзода ва профессор А. Кӯчаров дар солњои пеш омода кардаанд, бо якдигар муқоиса шудаанд. Умед аст, ки хонандагони гиромї аз осори пурмуњтавои ин орифи вораста бањраёб шаванд.
Language:
Persian
Published:
Journal of Rudaki, Volume:16 Issue: 44, 2015
Pages:
5 to 8
magiran.com/p1572296  
دانلود و مطالعه متن این مقاله با یکی از روشهای زیر امکان پذیر است:
اشتراک شخصی
با عضویت و پرداخت آنلاین حق اشتراک یک‌ساله به مبلغ 1,390,000ريال می‌توانید 70 عنوان مطلب دانلود کنید!
اشتراک سازمانی
به کتابخانه دانشگاه یا محل کار خود پیشنهاد کنید تا اشتراک سازمانی این پایگاه را برای دسترسی نامحدود همه کاربران به متن مطالب تهیه نمایند!
توجه!
  • حق عضویت دریافتی صرف حمایت از نشریات عضو و نگهداری، تکمیل و توسعه مگیران می‌شود.
  • پرداخت حق اشتراک و دانلود مقالات اجازه بازنشر آن در سایر رسانه‌های چاپی و دیجیتال را به کاربر نمی‌دهد.
In order to view content subscription is required

Personal subscription
Subscribe magiran.com for 70 € euros via PayPal and download 70 articles during a year.
Organization subscription
Please contact us to subscribe your university or library for unlimited access!